Бахшида ба ёддошти яке аз журналистон ва ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик, шодравон Ҷумъаи Толиб ва ҳамчунин ба пешвози 100 солагии матбуоти тоҷик китоби «Кӯҳи ғурур» ба нашр расид.
Маҷмуаи мазкур бо дастгирӣ ва кӯмаки шогирдон ва ёру дӯстони Ҷумъаи Толиб таҳия шудааст. Китоб фарогири кору фаъолияти марҳум буда, ҳамчунин, маҷмӯи мақолаҳои ӯро гирд овардааст. Дар «Кӯҳи ғурур» хотираҳои модар, ҳамсару фарзандон ва дигар пайвандону шогирдон, ҳамкасбони рӯзноманигор дар бораи зиндагӣ, охирин рӯзи ҳаёт ва кору фаъолияти ӯ гирдоварӣ шудаанд.
Китобро нашриёти «Шаҳпар» бо теъдоди 500 нусха дар ҳаҷми 248 саҳифа ба табъ расидааст.