Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо Фан Сян Жун, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии халқии Хитой мулоқот кард.
Тавре аз Хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни дидор ҷонибҳо паҳлӯҳои гуногуни муҳоҷират ва дар ин росто омӯзиш аз таҷрибаи диаспорҳои Хитой, ки таҷрибаи ҳазорсола доранд, баррасӣ гардид. «Шаҳрвандони Чин, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд, ба муносибату фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират ва умуман ба ин сохтори давлатӣ баҳои баланд медиҳанд. Имрӯзҳо муҳоҷирони меҳнатии чинӣ дар самти роҳсозӣ, энергетика, саноати сабук, аграрӣ, нақбканӣ, сохтмони ширкату корхонаҳо, сохтмони биноҳои бузург, дар самти иқтисод, амният, саноати кӯҳӣ ва савдо кору фаъолият мебаранд»,-гуфтааст зимни вохӯрӣ Фан Сян Жун. Сафири фавқулода ва мухтори Хитой ҳамчунин афзудааст, ки сармоягузорон, муҳоҷирон, умуман мардуми Чин, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд ба кӯмаку дастгирии мардуми тоҷик ниёзманданд, ба хусус ба дастгирии Хадамоти муҳоҷират, зеро фаъолияти онҳо аз ин сохтор шурӯъ мегардад.
Манбаъ иттилоъ дод, ки сардори Хадамоти муҳоҷират дастгирии бевоситаи худро ба муҳоҷирати меҳнатии чинӣ баён дошт ва гуфт, ки барои ҳалли ҳамагуна мушкилоти онҳо омода аст.