Ҳамакнун, сиёсатмадорони бумии ин шаҳр ва атрофи он иддао доранд, ки шӯрои худро таъсиси диҳанд, ки онро Аҳмад Зубайр ал-Сенусси, яке аз аъзои Шӯрои милии интиқолӣ ба дӯш дорад. Онҳо мехоҳанд дар Бонғозӣ вазоратҳои нафт, умури дохилаи соҳибихтиёр аз Триполиро таъсис бидиҳанд ва буҷаи дохилиро таҳти назорати худ бигиранд. Аммо Шӯрои миллии Интиқолии ин кишвар ба шиддат аз тасмими бонғозӣ интиқод кардааст ва эълом доштааст, ки барои якпорчагии давлат ҳатто аз зӯри силоҳ истифода хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки сарони як қатор манотиқи Либия низ зидди ин тасмим баромада эълон доштаанд, ки дар сурати сар задани он, интиқоли лӯлаҳои нафтеро, ки аз сарони қабоили қаламравонҳо ба Бонғозӣ меравад, қатъ хоҳанд кард. Дар Триполӣ ва Бонғозӣ беш аз 10 ҳазор мардуми он алайҳи ҷонибдорони мухторияти шарқии ин кишвар даст ба тазоҳурот задаанд.