Рӯзи матбуот ба ифтихори нашри аввалин ҷаридаи сирф тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф», ки аввалин шумораи он 11 марти соли 1912 ба дасти хонанда расид, таҷлил мешавад.
Зимнан, ба муносибати 100 солагии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ як қатор иқдомҳо роҳандозӣ шудаанд. Рӯзномаҳои «Озодагон» ва «Нигоҳ» бо шумораҳои бесобиқа барои матбуоти тоҷик (40 ва 104) ба нашр расиданд. Пажуҳишгарони соҳа бори дигар таърих, давраи рушд ва инкишофи журналистикаро ба таҳқиқ гирифтанд. Ахиран, китоби устоди факултаи журналистика Қироншоҳ Шарифзода бо номи «Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол» мунташир гардид.
Ҳамин лаҳзаҳо бошад, дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон ва собиқадорони матбуоти тоҷик ҷараён дорад.