Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад.
Ба ҷуз ин дар мулоқот доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.