Як сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ғорат кардаанд.
Шахси номаълуме бо роҳи зурӣ аз ин шаҳрванди 33-сола ҷавохироти тиллоиро бо маблағи умумии 4600 доллари амрикоӣ ба яғмо бурдааст. Аз ВКД ба «Озодагон» хабар доданд, ки ҳодиса дар назди мағозаи «Ҷавоҳироти тилловорӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-70 ба вуқӯъ пайвастааст. Феълан нисбати ин қазия барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.