Номбурда гуфт, дар радифи амалисозии нақшаҳои тасдиқгардида дар сатҳи густурда бо иштироки васеи тамоми ҷамоатчигии шаҳр ва кулли ташкилоту идораҳои дар марзи пойтахт мавҷудбуда ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ баргузор карда шаванд.
Дар ин равобит муқаррар сохт, ки ҳашарҳои умумишаҳрӣ рӯзҳои шанбе бо иштироки сокинон ва роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ва якшанбе бо ширкати мактабиёну донишҷӯёни кулли макотиби таҳсилоту умумию олии муқими шаҳр бо сафарбарсозии онҳо ба минтақаҳои вобасташаванда фаъолона ташкил карда шаванд.
Ҳамзамон, масъалаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳр бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ матраҳ намуда, вусъатбахшии корҳоро бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр таъкид сохта, афзуд, ки рафти корҳои мутазаккира зери назорати шахсии раиси шаҳр сурат мегиранд.
Дар ҷаласа ҳамзамон баҳри ҳаводорони чорабинии варзишии шаҳрдорӣ - Пойгаи равон, ки 27 марти соли 2012 дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад, афзуд, ки барои воридшавӣ ба «Наврӯзгоҳи пойтахт» чиптаҳо бо арзиши 5 сомонӣ роҳандозӣ мегарданд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд.