Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе идома дорад.
Тибқи иттилои дастгоҳи иҷроияи ин ташкилот, имрӯз даври 3-юми сабқат миёни дастаҳои «Энергетик» - «Равшан», «Хайр» - «Шодмон», «Қайроққум» - ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ» - «Вахш» баргузор мегардад. Бозиҳои ниманиҳоӣ 11-уми март ва 13-уми март бозӣ барои ҷойи 3-юм баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷойи мусобиқаи «Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев» имсол Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои мақоми дуввум 15 ҳазор сомонӣ ва барои зинаи сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.