Расонаҳои ғарбӣ менависанд,ки Лондон ба ҳеҷ кишваре иҷоза намедиҳад, то амнияти Яманро барҳам занад.
Алестер Берт, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар оид ба Ховари Миёна ва Шимоли Африқо гуфтааст: «Мо нигарони афзоиши фаъолиятҳои Теҳрон дар минтақа ҳастем ва бар ин боварем, ки Эрон талоши онро дорад, ки дар авзои минтақа аз ҷумла Яман таъсиргузор бошад».
Алестер Берт чанде қабл низ тайи як нишасти хабарӣ чунин афзуда буд: «Мо ба хотири мубориза бо чунин таҳдидҳо ба неруҳои низомии Яман кӯмак хоҳем кард».
Ин дар ҳоле аст, ки сафири Амрико дар Яман аз густариши фаъолиятҳои Теҳрон дар заминаҳои гуногуни ин кишвар ҳушдор дода, онро хатарзо арзёбӣ кард.