Президенти Тоҷикистон Ҳорст Зееҳоферро табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии раиси Бундесрати Олмон, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон сарфарозам ба Шумо табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам. Мо кишвари Олмонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Бист сол муқаддам кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави истиқолияти миллӣ муносибатҳои байнидавлатиашонро ба роҳ монда, барои ҳамшарикии васеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд».
Ҳамзамон, дар барқияи президенти Тоҷикистон омадааст, ки изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.