Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, бар асари фаромадани тарма дар километри 557-565-уми шоҳроҳи Душанбе -Хоруғ дар мавзеи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон роҳ муваққатан маҳкам шудааст.
Ҳамчунин, дар самти Хоруғ-Мурғоб бар асари шамоли барф (барфбод) дар километри 681-уми байни мавзеи Штам ва Вери ноҳияи Шуғнон муваққатан роҳ баста шудааст.
-Феълан, дар ин мавзеҳо техникаҳои роҳсозон кор мекунанд ва роҳҳо аз барф тоза карда мешаванд,- афзуд Нозимов.
Гуфта мешавад, дар роҳҳои душворгузари мавзеъҳои зикргардида мавсими фаромадани тарма фаро расидааст, то об шудани барф хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад, ки барои мусофирон ва ронандагон хатарнок аст.