USAID ба ниёзмандон дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад
Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) - «Тандурустии босифат» маросими ифтитоҳи ду маркази иттилоотии оиди ангезандаи норасоии масунияти одам (ВНМО)-ро дар шаҳри Душанбе, дар Марказҳои саломатии №4 ва №10 доир намуд.
Тибқи иттилои сафорати ИМА дар ҶТ, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ки ба маризии сироятшудаи ВНМО расонида мешавад, кормандони Марказҳои саломатӣ аз намояндагони Марказҳои иттилоотӣ хоҳиш намуданд, ки ба пайдо намудани маълумоти бештар дар бораи ВНМО ва фишоре, ки беморон бо он дучор мешаванд, кӯмак расонанд. Зимнан, сарвари Маркази саломатии №4 Назрулло Ҳусейнов иброз дошт, ки ман аз имконияти ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» хеле хушҳолам. Маркази иттилоотии ВНМО/БНМО дар оянда барои такмил додани ҳамкории мо бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак мерасонад ва ба мутахассисони мо имконият медиҳад, ки дониши худро оиди ВНМО такмил намоянд, ки ин дар навбати худ хизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои осебпазир беҳтар гардонад. Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», яке аз тарҳҳое ба ҳисоб меравад, ки мардуми Амрико тавассути агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб, Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе 984 миллион доллари ИМА-ро барои барномаҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва ҳамчуниин барномаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон масраф кардааст.