Масоили оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Берлин мавриди баррасӣ қарор мегирад
Рӯзи гузашта, 6-уми март ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон озими Олмон шуд.
Тибқи иттилои ВКХ, ин ҳайат бо намояндагии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои обии кишвар Султон Раҳимов ҷиҳати иштирок дар Конфронси “Дипломатияи соҳаи об барои Осиёи Марказӣ”, ки рӯзҳои 7-8 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба Берлин сафар кард. Гуфта мешавад, созмондиҳандаи чорабинии мазкур Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон мебошад. Иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои соҳаи оби тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кори Конфронс ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки бо натиҷагирӣ аз Конфронс Изҳороти муштарак қабул карда мешавад.