7-уми март вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мегардад.
Тибқи иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, оқои Солеҳи зимни сафараш ба Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ менамояд.
Ҳамзамон, Алӣ Акбар Солеҳӣ дар Душанбе масъалаи сафари қарибулвуқӯъи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз сурат мегирад, муҳокима хоҳад кард.