Гуфтанист, ин иқдом бори нахуст набуда, ҳамасола дар ин самт фаъолият корҳои зиёде анҷом дода мешавад: «Тафовути имсола фақат дар он аст, ки минбаъд парвариши ин ниҳолҳо ба хоҷагҳои деҳқонии навоҳии Спитамен ва Ҷаббор Расулов вобаста карда мешаванд ва онҳо парвариш ва истифодаи ин дарахтонро ба ӯҳдаи хеш мегиранд»
Манбаъ афзуд, дар шанбегӣ ба 30 нафар экологҳо беш аз 300 нафар кишоварзону сокинони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба кӯмак расида, якҷоя ниҳолҳоро шинонда, бехи онҳоро нарм ва сафед карданд.