Тими миллии футболи Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2012 ба пойтахти Непал, шаҳри Катманду рафт.
Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ба ҳайати даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспоҳич 31 нафар шомиланд, ки 23 нафарашон футболбозанд. Ба қавли ӯ, Фарҳод Восиев, легионери дастаи миллӣ дар ин сабқат дар ҳайати Тоҷикистон бозӣ карда наметавонад, зеро ӯ дар ҳайати тими худ - «Шинник»-и Ярославл дар машқи таълимиву тамринии даста дар Туркия мебошад.
Дар Ҷоми AFC-2012 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои миллии Ҳиндустон (9-уми март), Кореяи Шимолӣ (11-уми март) ва Филиппин (13-уми март) бозӣ хоҳад кард.Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.