Чанде қабл Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар кохи Тувайқи шаҳраки дипломатии Риёз маҳфили дӯстӣ орост.
Тибқи иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, шабнишинии мазкур бахшида ба таҷлили 20-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ сурат пазируфт, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ташрифот Алоуддин ал-Аскарӣ, сафирон ва намояндагони сафоратҳои муқими Риёз, соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзии муқими Маккаи Мукаррама, Мадинаи Мунаввара, Даммом ва Риёз ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи шабнишинии дустӣ Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев зимни сӯҳбат бо Хабаргузории Саудия аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва он кишвар дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Дипломати тоҷик афзуд, ки таъини Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба рушди робитаҳои расмӣ байни мақомоти ду кишвар мусоидат кард.
Ҳамзамон, Юлдошев ба зарурати тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, амалисозии санадҳои байни ҳукуматҳои ду кишвар имзошуда ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба манфиати ҳарду кишвар махсус ишора намуд.