Дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж саммити 11-уми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ идома дорад.
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дорад, дар назар аст ҳолат ва дурнамои соҳаи нафту гази Тоҷикистонро дар он ҷо муаррифӣ кунад. Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат дар ин ҳамойиш масъалаҳои марбут ба самтҳои ҳамкорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши нафту газ матраҳ мегардад.
Ёдрас менамоем, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Фаронса 3-уми марти соли 1992 барқарор шуда, дар соли 2009 гардиши савдо байни ин ду кишар 1,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил додаст. Феълан, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногуни хориҷӣ, аз қабили «Газпром», «Тетис- Сервисес», «Сомон-ойл» «Петролиум- Суғд» (Австралия ва Тоҷикистон) , «Марвис ЛТД» ва ғайра дар соҳаи нафту газ фаъолият доранд.