Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон. Бо Путин
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, нахуствазири феълии Русия, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар баранда шуд, гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилоъ, президенти Тоҷикистон Путинро бо пирӯзӣ дар сабқати президентӣ табрик карда, хостори тақвияти ҳамкориҳои судманд гардидааст..
Маврид ба ёдоварист, субҳи имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон унвонии Владимир Путин паёми табрикӣ ирсол карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ Русияро шарики стратегии Тоҷикистон хонда, изҳори итминон кардааст, ки давраи нави раҳбарии Путин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.