Ҳамчунин Фахриддин Шамсиддинов, Парвина Сафарзода, Дилоромбону Муҳаммадҷонова, Фирузҷон Наҷмиддинов -донишҷӯёни Донишгоҳи “Дӯстии халқҳо”, Ибод Раҳимов аз Донишгоҳи омӯзгории Маскав, Фотима Достиева, донишҷӯи академияи дипломатии назди ВКХ-и Русия ва Сарвинози Раҳимзода аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Шерзоди Сайёд аз Донишкадаи фӯлод ва маъдани Маскав бо қироати шеъру маърӯзаҳо дар бораи модарону бонувон муҳаббати фарзандро ба модар васф намуданд.
Зимнан, рақси зебои Манижабону дар ҳавои мусиқии тоҷикӣ ба ҳусни ин дидор ҳусни дигаре зам намуда, ба лаҳзае ҳозиринро ба диёри зебои Тоҷикистон, ба Ватани зебои бобоӣ бурд.
Корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаррама Қодирова дар сӯҳбат бо хабарнигори масковии «Озодагон» изҳор дошт, ки ташкили чунин вохӯриҳо барои рушди ҳуввияти миллии донишҷӯни тоҷики хориҷи кишвар ва тарбияи ватанпарастии онҳо кӯмаки ҳамаҷониба мекунад ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баргузории чунин вохӯриҳо ва дастгирӣ аз донишҷӯён ва умуман мардуми тоҷик дар хориҷ талоши доимӣ мерварзад.