Дар натиҷаи санҷиши муштараки кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ (ХНДФФ) ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Кӯлоб тайи 1моҳи ахир, 4 нафар мудирони нуқтаҳои доруфурӯшӣ бо ҷурми ба савдо баровардани дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта, ба маблағи умумии 5700 сомонӣ ҷаримабандӣ гаштанд.
Тибқи иттилои Одинаҳмад Шарифов, сардори намояндагии ХНДФФ, истифодабарии дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта дар аксарияти нуқтаҳои фурӯши доруворӣ дар шаҳру навоҳии минтақа ошкор мегарданд. Соли гузашта 155 номгӯйи дору ба миқдори 944 адад дар вазни 1808 килограм, инчунин 75 номгӯй ба миқдори 920 адад бо ҷурми бе сертификати мутобиқат ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тиббӣ, аз муомилот гирифта шуд.
Инчунин, 1412 номгӯйи дорувории шубҳанок ва 858 адади дигар, ки аз шаҳри Душанбе бе сертификат ба минтақа ворид шуда буданд, барои ташхиси сифати маҳсулот ба озмоишгоҳ пешниҳод шудаанд. Дар ин давра, 16 нафар ба маблағи умумии 9800 сомонӣ ҷарима шуда, ҳамзамон дар якҷоягӣ бо прократураи вилоятӣ нисбат ба 2 нафар бо айби фурӯши дорувории қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба 1 нафари дигар ҷазои маъмурӣ дода шуд.