«Аз субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта (3-юми март) ба самти Ванҷ ҳаракат карда, ҳоло ҳам дар ними роҳем».
Содиқ Расулов, як мусофире, ки барои дидорбинии волидайн ба зодгоҳаш сафар кардааст, тариқи телефон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода гуфт: «Айни замон ҳудуди 30 мошини гуногунтамға дар наздикии рустои Сангевни ноҳияи Дарвоз дар банди тарма мондааст. Миёни мусофирон, ки беш аз 150 нафарро ташкил медиҳанд, занону кӯдакон ва мусафедони барҷомонда ҳам ҳастанд. Сармо шадиду ғизои зарурӣ нест».
Ҳамсӯҳбатамон гуфт, тайи 3 рӯз, ки дар ҷодаи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз ҳаракат дорем, мушкилӣ зиёд ба назар мерасид: «Ҷо-ҷо сел фаромада роҳро валангор кардааст, дар мавзеъи Шоҳон-Зиғар бошад, тарма ва барфро бо қувваи мусофирон тоза кардем».
Дар ҳамин ҳол, кӯшиши тамоси хабаргузорӣ бо ҳукумати ноҳияи Дарвоз ва масъулини ин ноҳия барҳадар рафта, имкони гуфтугӯро бо роҳбарони минтақа пайдо накардем. Мусофирон бошанд, ҳанӯз ҳам интизори кӯмак ва ёрдамӣ «эҳтимолӣ» дар деҳаи Сангевн интизори масъулинанд.