Дар тарабхонаи «Харбин»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 9 нафар осеби ҷиддӣ диданд.
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербург дар миёни осебдидагон ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии сафорати ҶТ, тарабхонаи мазкур дар ошёнаи якуми бинои панҷошёнаи хиёбони Среднеохтинск ҷойгир мебошад. Сабаби ба амал омадани сӯхтор то ҳанӯз муайян нашудааст.