Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир дар соҳилҳои хатарзои рудхонаҳо ва обпартовҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, дар аксари маврид бо иллати камбуди маблағ ва нарасидани масолеҳи сохтмонӣ, эҳдоси он ба дарозо мекашад. Оқилов барои мусоидат намудан ба вазъ, супориш дод то аз ҳисоби агентии захираҳои таъминоти моддии назди ҲҶТ иловатан 50 ҳазор метри мукааб симтур, инчунин 3 милён сомонӣ барои харидории маҳсулоти сохтмонӣ ҷудо намоянд.
Зимнан, дар минтақа 6 километр соҳилҳои харобгашта аз нав барқарор гаштаанд, аммо даҳҳо километри дигар ҳанӯз таъмирталабу валангор боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ, дар рудхонаҳои Сурхобу Яхсу дар ҳудуди ноҳия, 4 километр соҳил ба пуррагӣ хароб гардида, аз онҳо ҳеч чиз боқӣ намондааст.
Як чунин ҳолат дар ноҳияҳои Муъминободу Кӯлоб ҳам ба назар мерасад, ки садҳо метр садди соҳилӣ вайрону валангор гардида, эҳтиёҷ ба барқароркунӣ доштаанд. Гуфта мешавад, ҳарчанд дар мавзеҳои хатарзои дарёву обпартовҳо корҳои заминӣ ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, вале бо иллати камбуди симтур ва маблағи пулӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ, соҳилҳо ба пуррагӣ барқарор нагаштаанд ва эҳтимоли берун рафтани оби дарё аз соҳил боқӣ мемонад.