Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, нахуствазири Русия зимни мусоҳибаи худ бо нашрияи «Times» бо ишора бар ин ки интихоби раисҷумҳури ояндаи Сурия танҳо марбут ба мардуми ин кишвар аст, афзуда, ки ду тарафи мухолиф дар ин кишвар бояд оташбас эълон намуда, шурӯъ ба музокироти сулҳомез кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки муовини вазири хориҷаи Русия Генадий Котлов, чанде қабл таъкид бар он намуда буд, ки сиёсатҳои Маскав бар пояи ҳаллу фасли нооромиҳои Сурия будааст ва хоҳад буд.
Маврид ба ёдоварист, ки Сурия аз авохири моҳи марти соли 2011 то ин дам шоҳиди тазоҳуроти шадид байни мухолифон ва тарафдорони режими Башор Асад мебошад.