Рӯзи гузашта дар Сурия, мақомоти ин кишвар ҷасади ду рӯзноманигори ғарбиро, ки дар шаҳри Хомс кушта шуданд, ба намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таслим намуд.
Ба иттилои расонаҳо, ҷасади Мари Колвини амрикоӣ ва Реми Ошлики фаронсавиро аз Хомс тавассути мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба Димишқ овардаанд. Хабаргузории «Франс- пресс» навиштааст, ки прокуратураи Париж ба таҳқиқи иллатҳои марги Ошлик иқдом кардааст. Рӯзи ҷумъа президент Николя Саркозӣ эълон дошт, ки дари сафорати Фаронса дар Димишқро мебандад.
Ҳамчунин, 2 март ду журналисти дигари фаронсавӣ аз Сурия ба ватан оварда шудаанд. Аккос Уилям Дэниэлси 34 сола ва хабарнигор Эдит Бувеи 31-сола дар Хосм ҷароҳат бардоштаанд. Маврид ба ёдоварист, Колвини 56- сола, корманди рӯзномаи бритониёии «The Sunday Times» ва Ремии 28 сола 22 феврал зимни як амалиёти мусаллаҳона кушта шуданд.