Тибқи омори соли 2010 теъдоди масҷидҳо дар ин кишвар ба 2100 адад расидааст, ин дар ҳолест, ки дар аввоили ҳазораи навини мелодӣ 1209 масҷид арзи вуҷуд дошт. Ин таҳқиқ, ки бо пешдастии Шӯрои равобити Амрико ва ислом гузаронида шуд, аз он хабар медиҳад, ки шумораи масоҷид бештар дар шаҳрҳо зиёд гаштааст. Бино ба гуфтаи коршиносон, афзоиши теъдоди масҷидҳо аз он дарак медиҳад, ки ислом назар ба дигар мазоҳиб дар Амрико дар ҳоли рушд аст.