Шӯрои миллии Сурия ташкили дафтари низомиеро эълон намуд, ки ба қавли онҳо ҳар гуна кӯмаки низомӣ ки аз ҷониби кишварҳои дӯст интиқол мешавад, аз тариқи ин дафтар ба артиши озоди Сурия ирсол мегардад.
Тибқи иттилои хабаргузориҳо, Бурҳон Ғалаён, раиси Шӯрои миллии Сурия зимни як сӯҳбати худ бо журналистон дар Париж гуфтаааст: «Режими кунунии Асад сабаб гардид, ки мардум барои дифоъ аз ҷони хеш даст ба силоҳ бибаранд». Ба қавли ӯ, ҳадаф аз ташкили ин дафтари низомӣ ҳимояти ғайри низомиён, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ифротгароӣ ва ба низоми муайян даровардани амалиёти нерӯҳои ҳарбӣ аст.
Бурҳон Ғалаён бо ишора ба омодагии бархе аз кишварҳо барои ирсоли кӯмакҳои моливу низомӣ ба артиши озоди Сурия, таъкид намуд, ки ин гуна кӯмакҳо бояд аз тариқи дафтари мазкури Шӯро сурат бигирад.