СММ дар қаламрави собиқи шӯравӣ аз ҳама бештар дар Тоҷикистон фаъолият дорад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, фиристодаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар нишаст масоили ҳамкории 20-солаи Тоҷикистону СММ ва дурнамои рушди муносибот баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, Александр Зуев Эмомалӣ Раҳмонро ба 20-солагии ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ доир ба натиҷаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи 20-сола муфассал иттилоъ дод.
Тавре зикр гардид, дар 10 соли охири ҳамкорӣ бо мусоидати СММ дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумор амалӣ гардидаанд. Ҳаҷми кӯмакҳои 20-солаи тавассути СММ ба Тоҷикистон воридшуда бошад, бо назардошти арзиши амалиётҳои посдории сулҳ дар солҳои аввали ҳамкорӣ, ба миллиардҳо доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Бино ба иттилоъ, ҳоло намояндагиҳои 22 муассисаи СММ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки беш аз 700 нафар корманд доранд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соли 2011 ҳаҷми кӯмакҳои молиявию техникии СММ ба Тоҷикистон ба 70 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Бо дастгирии муассисаҳои СММ имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд.