Тибқи қонунгузории ҷорӣ барои ҳар як литри арақ 1 евро андоз муқаррар карда шудааст, ҳарчанд маблағи муқарраршудаи андози аксизӣ он қадар гарон набошад ҳам, бо вуҷуди ин истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти зераксизӣ дар ин самт ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ медиҳанд.
Маврид ба ёдоварист, соли 2011 дар вақти гузаронидани корҳои назоратӣ 19 ҳазору 192 адад нушокиҳои спиртӣ бе тамғаи аксизӣ мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби мутахассисони нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон 21 хазору 758 адад нушокихои спиртӣ, ки зиёда аз 40 намудро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд, ки ин миқдор нисбат ба тамоми давраи соли гузашта зиёд мебошад.