Вазорати энергетика ва саноати кишвар озмуни корхонаи беҳтарини саноатии солро эълон намудааст, ки он аз ду марҳила иборат аст.
Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, марҳилаи аввал дар доираи соҳаҳои алоҳидаи саноат дар даҳрӯзаи аввали моҳи марти ҳамин сол анҷом меёбад. Дар марҳилаи дуввум бошад корхонаҳое, ки дар натиҷаи баҳодиҳӣ нишондодҳои баландро соҳиб гардидаанд, муайян карда шуда, ғолиби озмуни корхонаи беҳтарини саноатии сол муайян хоҳад шуд: «Айни замон марҳилаи якум дар доираи соҳаҳои саноат идома дорад. Комиссияи вазорат оид ба ташкил ва гузаронидани озмун то 15-уми март ғолиби озмунро муайян менамояд ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун ба таври тантанавӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар Вазорати энергетика ва саноат баргузор мегардад».
Манбаъ иттилоъ дод, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, дастраси умум гардонидани таҷрибаи мусбати ташкили истеҳсолот, навсозии техникию технологии корхонаҳо мебошад.