Раиси вилояти Суғд барои варзишгарон стипендия медиҳад.
Тибқи низомномаи қарори мазкур кӯмакпулӣ дар асоси пешниҳоди қарори комиссияи муайянкунии стипендияи раиси вилоят ва бо қарори ҳукумат ба варзишгарони беҳтарин вилоят пардохт мегардад. Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, стипендия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 соли охир сокини вилояти Суғд буда, шарафи варзишии вилоятро ҳимоя менамоянд, таъин карда мешавад ва ба варзишгарони муваффақ, ки ба шарафи онҳо дар мусобиқҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷаҳонӣ, Осиё, Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад супорида мешавад. Зимнан, ба Сарраёсати молияи вилоят супорида шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят 104.400 сомонӣ ҷудо намояд.