Таҳаввулот дар саноати Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва саноат дар ҳамкорӣ бо академияи илмҳои кишвар як гурўҳи корие оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иноватсионии корхонаҳо таъсис додааст.
Ин гурӯҳи корӣ имкониятҳои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нав ва ташкили хизматрасониҳоро дар муассисаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон мариди омўзиш қарор доданд.
Олимбек Қосимбеков, сардори раёсати рушди илм, техника ва технологияи вазорат дар робита ба ин тасмими вазорат гуфт, дар 13 корхонаҳои азими кишвар, аз қабили КВД-и «Тоҷиктекстилмаш», ҶСП «Торгмаш», ҶММ «Кўлоб -сомонтаҷҳизот», ҶСП «Сомон таҷҳизот», ҶСШК «Борҷома», ҶСШК «Тоҷикхимпром», КМ «ТоҷикАзот», ҶСШК «Дарфор», «Тамоҳуш», «Нилуфар», «Рангинкамон», «Анзоб» ва ғайра имконияти истеҳсоли маҳсулотҳои дигар мавриди омўзиш қарор мегиранд. Ба иттилои ин вазорат амалисозии чунин нақшаҳо ба зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти рақобатнок, рушди техника ва технологияи муосир мусоидат хоҳад кард.