Дар ин бора Маҳмадшариф Шамсов, масъули маркази матбуоти РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода гуфт, шаби 29-уми феврали соли равон тахминан, соати 22:00 ронандаи васитаи нақлиёти тамғаи «Чанху» ба садама дучор шуд.
Сарнишини нақлиёти мазкур, Имомбердиев Имомалии 34-сола истиқоматкунандаи деҳаи «Бижур»-и ноҳияи Роштқалъа, аснои ҳаракат аз самти «Бидиз» ба маркази ноҳия дар километри 45-уми роҳи Роштқалъа-Хоруғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намуда, ба дарёи Шохдара ғарқ шудааст.
Дар натиҷа, 3 мусофири нақлиёти мазкур, Селемон Хоркашови 47- сола, Раҳмон Раҳмонови 36- сола ва Муллоҳикматов Музафари 39- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда Имомбердиев Имомалӣ бошад ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар касалхона бистарӣ гардидааст.