Варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон бо 8 медал баргаштанд
Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар шаҳри Остона мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай миёни наврасон ва ҷавонон 11-14 сола доир гардид: «Дар чорабинӣ 450 варзишгар аз 6 Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Туркманистон ва Олмон ширкат варзиданд.
Кишвари моро дар ин чорабинӣ 13 нафар варзишгар аз дастаи мунтахаб таҳти раҳбарии раиси Федератсияи карате-кёкушинкай Ҳикматулло Кароматов намояндагӣ карда зимни рақобат ва қувваозмоӣ натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даст оварда, бо 8 медал ба ватан баргаштанд». Манбаъ афзуд, ҳамин тавр Ҷовид Икромов дар вазни 30 кило ва Сироҷиддин Ҷалилов дар вазни 40 кило ба гирифтани медали тилло, Фарзод Нуруллоев дар вазни 40 кило ба гирифтани медали нуқра ва Искандар Якубов, Баҳром Бурҳонов, Муҳибулло Нуров, Гулаҳмад Раҳматшоев ва Уктам Давлатов ба гирифтани нишони биринҷии мусобиқа ноил гардиданд.