Оқои Асадуллоев афзуд, тайи як моҳи фаъолияти ин робитаи боэътимод бо мардум 84 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардидааст, ки аз он 26 далелаш маълумоти шаҳрвандон оиди ҳуқуқвайронкунӣ ва содиршавии ҷиноятҳо мебошанд. Аз ҷумла дар бораи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳо.
Аз ҷумла тариқи телефони боварӣ дархости шаҳрванд Шерхонов Абдулмӯъмин Аҳмадович, сокини шаҳри Кӯлоб, хабарнигори Радиои «Озодӣ» ворид гардид, ки мувофиқи иттилои ӯ гӯё моҳи майи соли 2010-ум дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба муаассисаи рӯзномаи «Пажвог» ворид шуда, аз он ҷо диктофон, фотоаппарат ва дигар ашёҳои журналистиро ба маблағи 3000 сомонӣ дуздидаанд. Вобаста ба ин маълумоти шаҳрванд, ҷинояти мазкур ба қайд гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳоло тафтишот идома дорад.
Тариқи телефони боварӣ инчунин шикояти шаҳрванд Мақсадов А., ворид гардид, ки гӯё шаҳрванд Мудиков Анвар аз ӯ бо роҳи фиреб маблағи 2 700 доллари амрикоиро гирифтааст. Дар вақти санҷиш далели мазкур тасдиқи худро ёфт ва аз тарафи кормандони ШКД шаҳри Турсунзода чораҳои зарурӣ андешида шуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бино ба қавли манбаъ, дар қатори дигар хабару муроҷиатҳо, инчунин шаҳрвандон нисбати фаъолияти баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ арзу шикояти худро пешниҳод намуданд. Аз инҳо нисбати кормандони бахши БДА 24 далел, бахши кофтукови ҷиноӣ 6 далел, нисбати кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд 5 далел, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 4 далел, бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 3 далел ва нисбати дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 5 далел мебошанд.
Гуфта мешавад, аз шумораи умумии хабарҳои воридгардида аллакай санҷиши беш аз 40 далелҳо дар мӯҳлати муайянгардида ба анҷом расида, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон ҷавобҳои муфассал ирсол гардида, санҷиши далелҳои дигар идома дорад.
-Бо вуҷуди воридшавии баъзе аз зангҳои беасосу бардурӯғ, тамоми маълумоти воридшаванда, новобаста аз шакли ошкоро ё махфӣ, эҳтимоли дуруст ё нодуруст буданашон тавассути телефони боварӣ ба пуррагӣ мавриди санҷиш қарор дода мешавад ва шаҳрвандон метавонанд бе ягон мамоният тариқи он муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, аз нафарони дигаре, ки бо зангҳои шӯхиомез ва нодурусту ғаразноки хеш ба масрафи беҳудаи вақту қувва ва ҷалби мутахассисони варзида сабаб мегарданд, хоҳиш менамоем, то аз ин амали нодуруст худдорӣ намоянд,-афзуд манбаъ.
Телефони боварии ВКД: 221-21-21