Бо иштироки рӯзноманигорон ва бо ибтикори хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва дастгирии IMS дар Хуҷанд семинари омӯзишӣ ба кори худ оғоз кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, дар кори ҳамойиш муовини аввалаи раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов аз муҳим будани масъалаҳои марбут ба ҳамкории рӯзноманигорон бо сохторҳои мақомоти давлатии маҳаллӣ андешаҳояшро баён дошта, аз ҷумла гуфт, ки «аз мӯътадил ҷараён доштани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо намояндагони васоити ахбори умум қаноатманд аст».
Ҳамзамон ҷаноби Сангинов аз вазъи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилию интиқодӣ дар миқёси вилоят изҳори нигаронӣ намуд. Маълум гашт, ки аз 318 маводи танқидии ба табъ расида, ба 217-тои он вокуниш дарҷ гаштаву 66 адад мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба 85 мавод, бахусус ашхоси масъул дар шаҳру навоҳии Панҷакенту Б.Ғафуров, Ашту Мастчоҳ вокуниш анҷом надодаанд. Номбурда рӯзноманигоронро аз таҷлили Иди матбуоти тоҷик ва 100- солагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» санаҳои 9-10 марти соли 2012 дар сатҳи баланд дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят баргузор мегардад, огоҳ намуд.