Дар шаҳри Душанбе тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт Дави Наврӯзӣ анҷом мешавад.
Аз хадамоти матбуотии шаҳрдори Душанбе ба «Озодагон» гуфтанд, ки ин тасмим бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 роҳандозӣ мешавад. Дави Наврӯзӣ 17-уми март аз соати 9:00 то 11:00 баргузор хоҳад шуд. «Аз роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта хоҳиш мешавад, ки барои ташвиқу ҳидоят ва таъмини иштироки кормандон, коллективҳои меҳнатӣ ва донишҷӯён дар чорабинии варзишии Дави Наврӯзӣ ва ба ин васила саҳмгирӣ дар рушди оммавияти варзишу солимгардонии ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд», -афзуд манбаъ. Дар қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин омадааст, ки раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида дар замони баргузории дав қатъ намоянд.