Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои дунё кўшиш дорад, то ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пазируфта шавад.
Дар робита ба ин бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурд ва миёна ва бо дастгирии лоиҳаи минтақавии USAID барои озодии тиҷорат ва ислоҳоти гумрукӣ дар Душанбе таҳти унвони «Тартиби иҷозатномадиҳӣ мутобиқ ба қонун ва қоидаҳои СҶТ» баргузор гардид. Дар ин ҳамойиш мушкилоти ҳуҷҷатгузории соҳибкорон, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, мутобиқати қонунҳо ва низоми муҷавизгирӣ вобаста ба талаботи СҶТ, мӯҳлати ворид шудан ба ин созмон баррасӣ гардид.
Матлуба Улҷабоева, раиси Ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна дар ин нишаст гуфт, мушкилоти сармоягузорӣ дар кишвар зиёд ба назар мерасад, ҳамзамон дар Тоҷикистон на ҳама соҳибкорон ва сармоягузорон озодона фаъолият доранд.