Зимнан, рӯзи гузашта дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар аз вакилон созишнома дар бораи ҳамкории марзии Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки ин санад ҳамкориҳои ду кишварро дар масъалаҳои марбут ба омодасозии мутахассисони соҳаи марзбонӣ, интиқоли борҳо (аз ҷумла аз роҳҳои ҳавоӣ), таъмини фаннии постгоҳҳои марзӣ аз ҷониби Русия фаро мегирад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант
Маврид ба ёдоварист, Думаи давлатии Русия ин паймонро, ки шароити ҳузури мушовирони рус дар марзҳои Тоҷикистон то 5 соли ояндаро муайян мекунад, ҳанӯз дар оғози моҳи феврал тасвиб карда буд. Созишномаи қаблӣ миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.
Ҳамин тавр, дар тобистони соли 2005 сарҳадбонони Русия аз марзи Тоҷикистон бо пуррагӣ хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии рус боқӣ монданд.