Гуфта мешавад, Лақим Қаюмов, вазири вақти робитаҳои хориҷии Тоҷикистон, 17 июли соли 1992 ба симмати нахустин намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин шуд. Ҳамзамон, намояндагии нахустини Созмони Милал - Гурӯҳи нозирони СММ дар Тоҷикистон 1 феврали соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ ёфта, ба пешбурди раванди сулҳ дар кишвар, тақвияти амалиёти сулҳпарвар ва расонидани кӯмаки оҷили гуманитарӣ такони ҷиддӣ бахшид. СММ дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон нақши миёнаравро бозид, ки он бо имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом расид.
Тавре аз ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2008 аввалин маротиба ба қатори неруҳои байналмилалии сулҳофари СММ шаҳрвандони Тоҷикистон шомил шуданд, то дар барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳ дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра саҳм гузоранд.