28 феврал Раҳимҷон Носиров, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо Солим Убайд Ал Зоҳирӣ, раиси муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” вохӯрӣ кард.
Зимни мулоқот масъалаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии хурди “Ванҷ” бо иқтидори 800 кВт/с, ки дар ноҳияи Ванҷ ҷараён дорад, баррасӣ гардид.
Бо дастгирии консулгарии генералӣ муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” амалисозии лоиҳаи бунёди НОБ-и хурди “Ванҷ”-ро ба ӯҳда гирифт.
Дар фарҷоми гуфтушунид Солим Убайд Ал Зоҳирӣ изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкиму густариши муносиботи дӯстонаи миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб саҳм мегузоранд.
Ҳамчунин, Раҳимҷон Носиров бо мудири кулли Палатаи савдои аморати Дубай Ҳамад Буамим мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо мавзӯъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург ва инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва аморати Дубайро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, консули тоҷик ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи барномаву рӯзномаи Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) маълумот дода, намояндагони ширкатҳои бузурги тиҷоратии аморати Дубайро барои иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ даъват намуд.
Ба ғайр аз ин, дар Дубай Раҳимҷон Носиров бо мудири намояндагии вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай Абдураҳмон Аҳмад Ал Шамлон сӯҳбат дошт. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар ин мулоқот мавриди муҳокима қарор гирифт.