Амороти Муттаҳидаи Араб тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи барқӣ бисозад.
Тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, ба ин манзур Хазинаи башардӯстии АМА як миллиону сесад ҳазор доллор ҷудо кардааст.Дар ин замина миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб чанд рӯз қабл низ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст.
Гуфта мешавад, ки бо истифода аз ин маблағ дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи обӣ-барқӣ бо иқтидори 800 киловат/соат бунёд мегардад. Гузашта аз ин, мӯҳлати анҷоми ин пружа ҳудуди 10 моҳ муайян шудааст, аммо дар мавриди мавзеъи сохтмони он иттилоъ дода намешавад.