Тамриноти муштараки низомии Тоҷикистону Фаронса идома дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати мудофиа ин машқҳо рӯзи 26-уми май дар Фахробод оғоз гардида, дар ин машқҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 100 афсару сарбоз ширкат доранд. Тоҷикистонро як воҳиди нирӯҳои сайёри вазорати дифоъ ва Фаронсаро воҳиди кӯҳии тирандозӣ намояндагӣ мекунанд.Гуфтанист, ин машқҳо дар ду марҳила анҷом хоҳанд шуд ва даври ниҳоӣ ва асосиаш дар дараи Ёси минтақаи Ромит баргузор мегарадад.
Маврид ба ёдоварист, Фаронса ягона кишвари узви эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон аст, ки аз поёни соли 2001 як гурӯҳи хурди нерӯҳояшро дар фурудгоҳи Душанбе мустақар кардааст.Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар фурудгоҳи Душанбе 200 афсару сарбоз, 6 тайёраи низомии «Мираж» ва 4 тайёраи ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса қарор доранд, ки ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон кӯмак мекунанд.