«Устод ва шогирд», маҳфиле ба хотири Лоиқ бо иштироки Қаноат
«Устод ва шогирд». Таҳти чунин унвон рӯзи 28-уми майи соли равон дар Душанбе маҳфиле бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат баргузор мегардад.
Ин ҳамойиш бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» ба муносибати 70 -умин солрӯзи таваллуди шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ сурат мепазирад. Баргузории маҳфили «Устод ва шогирд» дар толори «Шарқи озод», воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (ГЖК)-16, соати 10-00, рӯзи 28-майи соли 2011 ба нақша гирифта шудааст. Барои иштироки онлайн дар маҳфил, пайгирӣ ва суолу ҷавоб лутфан суроғаи зеринро илова намоед: afruz.afruz