Дар ҷаласаи васеи кории раиси шаҳр дар радифи баррасии масъалаҳои корӣ ду муовини раис низ муаррифӣ шуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази таҳлил ва иттилооти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аз ин ба баъд Бобоҷонова Муҳаббат Маҷидовни, ки то ин замон раиси бахши ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров буд, ба ҳайси ҷонишини раиси шаҳр корҳои идеологиро дар самти мактабу маориф ва фарҳанг роҳбарӣ хоҳад кард.
Манбаъ афзуд, ба вазифаи ҷонишини раиси шаҳр оид ба иқтисодиёт, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро роҳбарӣ хоҳад кард, Маҳмадӣ Давлатов пешбарӣ ва таъин гардид: «Номбурда иқтисоддон буда, дар мақомоти андози вилоят ва шаҳри Хуҷанд солҳои зиёд кор кардааст. Қабл аз ин ба ҳайси муовини сардори Раёсати андози пойтахти вилоят фаъолият мекард».