Ҳейр Лундестад гуфтааст, беш аз 50 сол аст, ки номи довталабони ҷойизаи сулҳи Нобел махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва аммо ҷониби пешниҳоднамуда ихтиёр дорад онро ошкор намояд.
Имсол барои дарёфти ин ҷойиза аскари амрикоӣ барои манзур намудани маълумот ба сомонаи Викиликс, собиқ канслери Олмон Ҳелмут Кол барои муттаҳид намудани ду Олмон, сарвазири собиқи Укроин Юлия Тимошенко, ки феълан дар зиндон ба сар мебарад ва ҳамчунин ширкати телевизионии “Ал-Ҷазира” ба ҳайси довталаб пешниҳод шудаанд.