«Сохтмон-3» аз буҷа қарздор аст
Масъулини кумитаи андоз тайи як санҷиш ошкор намуданд, ки ширкати сохтмонии мавсуф ба «Сохтмон-3» аз буҷа қарздор аст.
Тибқи иттилои расида, сарвари ҶДММ “Сохтмон-3” Абдухолиқ Зоиров аз 22 ҳазору 654 сомонии андози ҳисобшуда дар соли 2010 ба буҷа ҳудуди 19 ҳазор сомониро супоридаасту бас. Қарзи умумии ин корхона бошад, 172 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тайи чор моҳи соли равон, ин ҷамъият ба буҷа ҳамагӣ 6700 сомонӣ маблағи андозро пардохт кардааст. Санҷиши молиявии ширкат ҳанӯз идома дорад.