Шурӯъ аз имрӯз,26-уми феврал Туркия маҳдудиятҳоро барои тайёраҳои борбари Исроил ҷорӣ намуд.
Ин маҳдудият асосан ширкатҳои ҳавонавардии “Эл-Ал” ва Cargo Air Lines (CAL)-ро, ки маводи интиқолиашон аз сӯи давлати Туркиё ҳамчун маводи “зараррасон” ва “хавфнок” шинохта шудааст, дарбар хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, ба қатори маводи “хавфнок” сӯзишворӣ, ҳамчунин аккумуляторҳои тамғаҳои гуногун ва ҳама намуди атриёт низ шомил карда шудаанд.
Акнун Анқара тақозо дорад, ки барои истифодаи ҳарими ҳавоияш аз сӯи ширкатҳои исроилӣ бояд ҳатман 10 рӯз пеш огоҳ карда шавад ва дар ин муддат Туркия тасмими иҷозат ва ё ради парвозро ба ширкатҳои ҳавонавардии Исроил манзур хоҳад кард.
Ширкатҳои ҳавонавардии “Эл- Ал” ва САL -и Исроил ба мақомоти ҳавонавардии Исроил барои роҳандозии чунин таҳримот барои ширкатҳои ҳавонавардии туркӣ муроҷиат намудаанд.