Тибқи иттилоъи расида, пас аз он 16-уми март вазъи ҳуқуқи башар дар Молдова ва Литва матраҳ хоҳад шуд.
Расонаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон менависанд, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ роҳҳои махсуси ҷамъоварии мавод дар ҳамаи 192 кишвари узви СММ-ро дорад ва дар чор сол як бор чунин гузоришҳо баррасӣ мешаванд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башар ниҳоди байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи башар аст, ки ба СММ дохил мешавад ва он соли 2006 ҷойгузини Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ шуд.